ФУТБОЛ: имрӯз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Чин баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 11 июн дар варзишгоҳи «Тянхе»-и Гуанҷоуи Чин бозии дуюми дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо бозингарони Чин баргузор мешавад. Бозии мазкур соати 20:00 бо вақти Гуанҷоу ва соати 17:00 бо вақти Душанбе сурат гирифта, онро довари шинохтаи ФИФА аз Ӯзбекистон Равшан Ирматов назорат мекунад.
Зимни доварӣ дар бозии Тоҷикистону Чин ба Р.Ирматов ҳамватанони ӯ – ёварони довари ФИФА Абдуҳамидулло Расулов ва Ҷаҳонгир Саидов кӯмак мекунанд.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Хотиррасон мешавем, ки Равшан Ирматови 41-сола алҳол аз рӯи шумораи доварӣ дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон рекордсмен ба шумор меравад. Номбурда дар Ҷоми ҷаҳони солҳои 2010, 2014 ва 2018 сардовари 11 қувваозмоӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд.
Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






