ФУТБОЛ: имрӯз бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Чин баргузор мешавад

Июнь 11, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 11 июн дар варзишгоҳи «Тянхе»-и Гуанҷоуи Чин бозии дуюми  дӯстонаи дастаи мунтахаби футболи  Тоҷикистон бо бозингарони Чин баргузор мешавад. Бозии мазкур соати 20:00 бо вақти Гуанҷоу ва соати 17:00 бо вақти Душанбе  сурат гирифта, онро  довари  шинохтаи ФИФА аз Ӯзбекистон Равшан Ирматов назорат мекунад.

Зимни доварӣ дар бозии Тоҷикистону Чин ба Р.Ирматов ҳамватанони ӯ – ёварони довари ФИФА Абдуҳамидулло Расулов ва Ҷаҳонгир Саидов кӯмак мекунанд.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Хотиррасон мешавем, ки Равшан Ирматови 41-сола алҳол аз рӯи шумораи доварӣ дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон рекордсмен ба шумор меравад. Номбурда дар Ҷоми ҷаҳони солҳои 2010, 2014 ва 2018  сардовари 11 қувваозмоӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо иштироки 13 ҳазору 500 мухлис баргузор шуд.

Вохӯрии тимҳои мазкур ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Июнь 11, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид