«Гӯштини дзюдо ба гӯштини миллӣ шабоҳати зиёд дорад», — бардошт аз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Ванҷ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини дзюдо баргузор гардид. Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврас аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.
Ин мавзӯъро хабарнигори АМИТ «Ховар» Файз Мирасан шарҳ медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур дар аксарияти вазнҳо варзишгарон аз дастаҳои «Душанбе -1» ва «Душанбе -2» пирӯзиро ба даст оварданд. Дар вазни 60, 66 , 73 кило ҷои аввал насиби Меҳрзод Суфиев, Шодмон Рӯзиев, Мамадшариф Наҷмидинов гардид, ки ҳар се паҳлавон дастаҳои «Душанбе-1» ва «Душанбе-2» — ро намояндагӣ мекарданд. Дар вазнҳои 82, 90 ва 100 низ паҳлавонони дастаҳои шаҳри Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд. Ғолибони акнун ба мусобиқаи Осиё аз намуди гӯштини дзюдо омодагӣ мебинанд.
Дар оғози мусобиқа Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим мураббиён, доварон, варзишгарон ва мухлисонро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки маҳз бо шарофати ин рӯз мардум муттаҳид гардида, бунёдкорию ободсозӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт.
Бояд илова кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин мусобиқа тамоми шароитро фароҳам овард. Паҳлавонони наврас низ кӯшиш намуданд, ки бо тамоми ҳунару истеъдод барои мухлисон гӯштини ҷолибу шавқоварро нишон диҳанд. Чунин мусобиқаҳо аз як сӯ агар дӯстию ҳамбастагии ҷавонони манотиқи мухталифи мамлакатро боз ҳам тақвият бахшанд, аз ҷониби дигар дар онҳо ҳунару маҳорати варзишгарон ҳаматарафа сайқал меёбад.
Сардовари мусобиқа, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикстон Бовар Шуҷандиҷов гуфт, ки кӯшиш намуданд, ки мусобиқаро шаффофу беғараз доварӣ кунанд. Номбурда иброз дошт, ки «баъзе камбудиҳо сар заданд, аммо доварон бо ҳам машварат карда, сабти навори гӯштинро бори дигар тамошо намуда, баъд аз он ғолибро муайян менамуданд. Як нуқсони дигар ин буд, ки аксарияти доварон аз ҳайати дастаи мураббиён интихоб шудаанд. Дар оянда ин камбудӣ ислоҳ гардида, доварон бояд касбӣ ва мустақил бошанду ба ягон даста вобаста набошанд».
Мавриди зикр аст, ки дар ҷумҳурии мо гӯштини миллӣ ҳаводорону мухлисони зиёд дошта, азбаски гӯштини дзюдо ба гӯштини миллӣ шабоҳат дорад, теъдоди мухлисони ин намуди гӯштин ҳам сол то сол меафзояд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки шумораи наврасону ҷавонони ба гӯштини дзюдо мароқдошта низ рӯ ба афзоиш дорад.
Дар мусобиқаи мазкур мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Владимир Елчанинов низ бо чанд нафар аз шогирдонаш ширкат дошт ва ӯ дар суҳбат назари худро оид ба баъзе аз паҳлуҳои гӯштини дзюдо изҳор намуд. Ба андешаи В.Елчанинов, риштаи дзюдо дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд буда, паҳлавонони зиёди умедбахш дар ҷумҳурӣ зиёданд. Номбурда афзуд, ки бори аввал аст, ки дар мусобиқаи наврасон ширкат меварзад ва ҳангоми гӯштини дзюдо чанд норасогиҳоро мушоҳида кардааст.
«Таъсири гӯштини миллӣ ба гӯштини дзюдо зиёд аст. Беҳтар аст, ки паҳлавонон яке аз ду намуди гӯштинро интихоб кунанд ва онро машқ намоянд», — мегӯяд ӯ.
Мавриди зикр аст, ки чанд сол аст, ки В.Елчанинов яке аз паҳлавонони ҷавону умедбахш Шакармамад Мирмамадовро машқ медиҳад. Мавсуф зикр кард, ки Шакармамад бо пояш каме мушкил дорад. Дар шаҳри Маскав табибон пойи ӯро ташхис карда, табобат карданро тавсия доданд. Ҳоло ӯ дар шаҳри Хоруғ буда, саломатиаш хуб аст ва рӯзҳои наздик тамринро идома медиҳад. Мутаассифона, соли гузашта Шакармамад дар бозиҳои интихобӣ ширкат накард ва холҳои кофиро ба даст наовард. Ба бозиҳои олимпӣ варзишгаре роҳхат мегирад, ки агар соҳиби 1800 хол гардад. Мутаассифона, ягон варзишгар аз Тоҷикистон ин миқдор холҳоро ба даст оварда натвонист. Аммо Шакармамад ҳанӯз хеле ҷавон аст ва мо аз ӯ умеди калон дорем. Дар бозиҳои ояндаи олимпӣ Шакармамад метавонад яке аз довталабони асосии ин бозиҳо аз Тоҷикистон бошад. Фақат каме вазни худро бояд боло барад. Алъон вазни Шакар 112 кило аст, аммо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ё олимпӣ варзишгароне ширкат меварзанд, ки вазнашон то 140- 150 килограм мерасад.
Назари Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ, устоди варзиши собиқ Иттиҳоди шуравӣ Холмамад Мирзоев дар мавриди ширкати паҳлавонон дар мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва ҳам дзюдо комилан дигар аст. Ба назари ин коршинос, баръакс онҳое бештар дар гӯштини дзюдо муваффақ мешаванд, ки аз хурдсолӣ аз рӯи гӯштини миллӣ тамрин мекунанд. Зеро ин ду намуди гӯштин бо ҳам шабоҳати зиёд доранд.
Файз МИРҲАСАН,
АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд






