Коршинос Аминҷон Одинаев: «Ваҳдати миллӣ омили асосии инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гардид»

Июнь 27, 2019 10:11

ДУШАНБЕ, 27.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чун имрӯз дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем,  бояд ёдовар шавем, ки маҳз  пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  имкон фароҳам омад, ки дар ҷумҳурии  мо  марҳала ба марҳала инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ барқарор  ва  барои таъмини рушди минбаъдаи тамоми  соҳаҳои  мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул  гарданд. 

 Ин матлабро корманди Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Аминҷон ОДИНАЕВ ба АМИТ «Ховар» баён дошт. Номбурда дар ин мавзӯъ чунин ибрози андеша намуд:

-Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум, яъне баъди имзои Созишномаи сулҳ мамлакати мо ба марҳалаи рушд ворид гардида,  пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид. Агар мо инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро зодаи Ваҳдати миллӣ гӯем, иштибоҳ нахоҳем кард. Маҳз  дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Мавриди зикр аст, ки аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.

Дар давоми солҳои 1997-2018 дар натиҷаи татбиқи қонуни мазкур  иншооти  зиёди хурд ва корхонаҳои миёнаю калон хусусӣ гардонида шуданд, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон  нақши муҳим гузошт.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию  иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7 дарсад таъмин гардид.

Ҳоло  агар мо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони бадаст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, пас дар ин росто  мамлакати  мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст. Масалан, агар  дар солҳои аввали  баимзорасии Созишномаи  истиқрори сулҳ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии  мамлакат  518,4 млн. сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 беш аз 68 млрд. сомонӣ  ва афзоиши воқеии он ба  7,3 дарсад баробар гаштааст.  Дар ин давра  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз  7 597,4 сомонӣ ё тақрибан 75 маротиба зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ  соли 2018 даромади пулии аҳолӣ тақрибан 28 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 348,3 миллион сомонӣ баробар буд. Ҳамаи ин боиси то се баробар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ,  беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба ин васила  то 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон гардид.  Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар соли 1997 ба 67,6 сол баробар буд.

Дар шароити ҳассосӣ муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ноил гаштан ба  нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад. Расидан ба ин мақсад аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Тавре дар боло зикр кардем, бодарназардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, Ҳукумати  мамлакат  аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризояти миллӣ ба такмил додани механизҳои озоди иқтисодӣ, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад, татбирҳои зарурӣ  меандешад.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҷиҳати рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ  шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи  некуаҳолии мардум мебошад.

Ҳамин тариқ,  истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ин самт стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия ва тадбиқ гарданд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ,  ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда,  соли 2018 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан, 2,5 маротиба зиёд мебошад.

Давоми солҳои 1997-2018 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 6,6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, зиёда аз 2 баробар, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, беш аз 1 маротиба зиёд гардидаанд.

Дар давраи номбурда, фонди музди меҳнати ин корхонаҳо зиёда аз 1,1 миллион сомонӣ ва ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулот аз 6,1 миллион сомонӣ то зиёда аз  220,2- 4421,6 миллион сомонӣ баробар гардид.

Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз омилҳои муҳими дигари баланд бардоштани самараноки фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ имкон фароҳам овард, ки фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзию молиявӣ дар  мамлакат  беҳтар гардад. Айни замон бо мақсади  мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории ҷумҳурӣ  бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.

Мувофиқи омори расмӣ давоми солҳои 2000-2018 ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат тақрибан 23 маротиба зиёд гардидааст.

Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбат ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанўз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мондааст.

Истиқрори сулҳ  ва ризояти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардад. Бояд зикр намуд, ки давоми солҳои 1997-2018 дар ҳаҷми беш аз 40534,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки ин вазъи зиндагии мардум ва соҳибкоронро ба маротиб беҳтар гардонид.

Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки ҷумҳурии  мо, бори сеюм ба қатори даҳ кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад.

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар  Паёми худ ба мақоми Олии қонунгузории мамлакат,  инчунин дар  вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ  бахшида ба рӯзи соҳибкорон, масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузориро ба таври алоҳида мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини дурнамои рушди ин бахши муҳими  иқтисодиёт дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар ҳалли масоили ҷойдошта воқеъбинона   назар кунад, ин бахши муҳими иқтисодиёт ба дастоварҳои боз ҳам назарас метавонад ноил гардад.

Бинобар ин мақомоту сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкориро лозим аст, ки ба ин нукта ва масъалаҳои зикршуда  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Июнь 27, 2019 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент