Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ огоҳ менамояд: дар рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошед!

Июнь 6, 2019 11:13

ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  тибқи иттилои  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  то 7 июн дар мамлакат ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар натиҷаи боришоти шадид дар ҷумҳурӣ эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел, фаромадани тармаву  ярч ва резиши  сангпораҳо вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, хоҳиш  кардааст, ки  дар ин рӯзҳои боронӣ  бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд. Аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум  ва дигар амалҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мегузаранд, худдорӣ намоянд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, боду ҳавои номусоид ва боришоти зиёди рӯзҳои охир дар ҳудуди як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат боиси омадани сел гардид.

Аз  ҷумла,  4 июни соли  равон  дар  ҳудуди  деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сел омада, 1 манзили истиқоматии сокини ин деҳаро пурра вайрон кардааст. Муттаасифона, дар натиҷаи ин ҳодиса  ду нафар бародарон, ки аз шаҳри Душанбе ба деҳаи мазкур барои аёдат рафта буданд, ба ҳалокат расиданд. Алҳол ҷасади яке ёфт шуда,  дигарӣ дар кофтуков қарор дорад.

Тибқи иттилои манбаъ, барои бартараф намудани ҳолати рухдода комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент ва  дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшон  фаъолият  доранд.

Ҳамчунин 5 июни соли равон  дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба 80 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва таҳхонаҳои хонаи истиқоматӣ зарар расонид. Аҳолии деҳаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои  нохуш ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар ин ҳодисаи табиӣ  ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

«Барои ташкили кор дар бартарафсозии офати табиӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Барои анҷом додани корҳои бартарафсозӣ дар деҳаҳои зарардида, аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии Кумита гурӯҳ таъсис дода, бо истифода аз теникаҳои махсус корҳо идома доранд».

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати сар задани ин ё он ҳолати фавқулодда ба телефонҳои навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 дар тамос шаванд.

Июнь 6, 2019 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он