Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон огоҳ менамояд: аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоед!
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли гармо ва оғози мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ хатари ғарқшавии одамон, бахусус наврасон ба миён омада, он боиси ташвишу изтироби зиёд мегардад. Имсол мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ 1 июн оғоз гардид. Дар 20 рӯзи моҳи июн ҳангоми оббозӣ 40 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Аз ин шумора 21 нафарашон наврасони то 17 сола мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд. Аз ин теъдод 27 нафар кӯдакони то даҳсола ва 23 нафарашон то ҳабдаҳсола буданд. Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35-сола ташкил медод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, дар мавсими имсолаи оббозӣ, яъне аз аввали моҳи июн то имрӯз кормандони Кумита ҳаёти 12 нафарро аз марг наҷот доданд.
У.Юсуфӣ изҳор дошт, ки масъулони кумита бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд. Онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
«Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд. Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан имрӯзҳо, ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранду бо гарм шудани ҳаво майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо нохуш тадбирҳои судманд андешанд», -афзуд номбурда.
Тибқи иттилои манбаъ, чанд рӯз қабл ҳангоми бурдани корҳои назоратӣ дар назди соҳил ва дар дохили об дар дарёи Сир аз ҷониби дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, се нафар наврас, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки дар об дар ҳолати ғарқшавӣ қарор доштанд, наҷот дода шуданд. Наврасон дар мавзеи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд. Наҷотдиҳандагон онҳоро аз об бароварда, кӯмаки аввалияи тиббиӣ расониданд.
Инчунин 18 июни соли равон ҳангоми шиноварӣ дар ҳудуди дарёи Душанбе шаҳрванди 47-солаи зодаи Роштқалъаи ВМКБ бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ғарқ мешавад. Аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасади шаҳрванд аз об бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назорат дар обҳо ва мавзеъҳои шиноварии ҷумҳуриро пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд






