Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон огоҳ менамояд: аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоед!

Июнь 21, 2019 16:14

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли гармо ва оғози мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ хатари ғарқшавии одамон, бахусус наврасон  ба миён омада, он боиси ташвишу изтироби зиёд мегардад. Имсол мавсими оббозӣ дар ҷумҳурӣ 1  июн оғоз гардид. Дар 20 рӯзи моҳи  июн   ҳангоми оббозӣ 40 нафар ғарқ   шуда, ба  ҳалокат расиданд. Аз ин  шумора  21 нафарашон  наврасони то  17 сола мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ  соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд. Аз ин теъдод 27 нафар  кӯдакони то даҳсола ва 23 нафарашон то ҳабдаҳсола  буданд. Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35-сола ташкил медод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сухангӯи  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ  Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, дар мавсими имсолаи оббозӣ, яъне аз аввали моҳи июн то имрӯз кормандони  Кумита ҳаёти 12  нафарро аз марг наҷот доданд.

У.Юсуфӣ изҳор дошт, ки масъулони кумита бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ  бо сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, ба онҳо қоида ва маконҳои оббозиро шарҳ медиҳанд. Онҳоро ҳушдор медиҳанд, ки   аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда худдорӣ намоянд.

«Аммо новобаста аз ҳушдорҳои қатъӣ  сокинони ҷумҳурӣ дар чунин дарёҳо худсарона ба оббозӣ машғул шуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд. Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан имрӯзҳо, ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранду  бо гарм шудани ҳаво майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва  масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо нохуш  тадбирҳои судманд андешанд», -афзуд номбурда.

Тибқи иттилои манбаъ,   чанд рӯз қабл  ҳангоми бурдани корҳои назоратӣ дар назди соҳил ва дар дохили об дар дарёи Сир аз ҷониби дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, се нафар наврас, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки дар об дар ҳолати ғарқшавӣ қарор доштанд, наҷот дода шуданд. Наврасон дар мавзеи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд. Наҷотдиҳандагон онҳоро аз об бароварда,  кӯмаки аввалияи тиббиӣ  расониданд.

Инчунин 18 июни соли равон ҳангоми шиноварӣ дар ҳудуди дарёи Душанбе шаҳрванди 47-солаи зодаи Роштқалъаи ВМКБ бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ғарқ мешавад. Аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасади шаҳрванд аз об бароварда шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назорат дар обҳо ва мавзеъҳои шиноварии ҷумҳуриро пурзӯр карда, дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

Июнь 21, 2019 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид