Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбари навтаъйини дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мулоқот намуд

Июнь 19, 2019 14:07

ДУШАНБЕ,19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо роҳбари навтаъйини дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Валериу Кивер мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Хайринисо Юсуфӣ мулоқотро омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону САҲА хуб ба роҳ монда шуда, минбаъд низ таҳкиму густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор доданд.

«Изҳор гардид, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегиранд», — афзуд манбаъ.

Июнь 19, 2019 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид