Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Маҷлиси намояндагон дар асоси нақшаи кории Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳлили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ, вазъи иқтисодӣ ва амалии рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баррасии ҷанбаҳои илмию амалии истифодаи энергияи сабз, муайян намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мусоидат барои ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Иброз гардид, ки дар рушди энергетикаи умумӣ истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ мақоми махсус дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои то соли 2037 ба мамлакати сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 дар мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» қабул гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд






