Сабрина Абророва дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ«Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games), ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия баргузор шуд, сазовори ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра гардиданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар медиҳад, медали тиллоро Сабрина Абророва дар намуди шоҳмот ба даст овард. Ӯ дар 11 даври мусобиқа соҳиби 10.5 хол гардид, яъне дар 10 давр ғалаба карда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Медали нуқраро дар ин бозиҳо дастаи баскетболбозони Тоҷикистон ба даст овард.
Тибқи иттилои манбаъ, ба барномаи бозиҳои мазкур 7 намуди варзиш – баскетбол, волейбол, тенниси рӯи миз, футболи хурд, шиноварӣ, гимнастикаи бадеӣ ва шоҳмот дохил буд. Варзишгарони навраси мо дар се намуд – баскетбол, шиноварӣ ва шоҳмот ширкат намуданд.
Бояд илова кард, ки ҷои дуюмро дар намуди шоҳмот миёни духтарон Умеда Омонова аз Ӯзбекистон бо 10 хол ва ҷои сеюмро Азалия Мирланқизи аз Қирғизистон бо 9 хол ишғол карданд.
Дар мусобиқаи баскетбол 6 даста иштирок кард. Тими Абхазия бо 10 хол ҷои аввал, Тоҷикистон бо 8 хол ҷои дуюм ва Россия бо 7 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ҷаҳонии наврасон қаблан думаротибаӣ дар шаҳрҳои Сочӣ ва Қазон доир гардида буданд.
Имсол Бозиҳои ҷаҳонии наврасон аз 1 то 5 июн идома ёфта, дар он 650 иштирокчӣ аз 60 давлати дунё ширкат варзиданд.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






