ОБУ ҲАВО: дар Душанбе ҳаво рӯзона 34 дараҷа гарм мешавад

Июнь 17, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбандаи абрнок  шуда,  боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи абрнок  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоят  боридани борон ва жолаи кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва   рӯзона    17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе  минтақаҳои вилоят  боридани борони (шабона барф) кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10 + 15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки бебориш шуда, ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 17, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад