ОБУ ҲАВО: дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 10 ва 11 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии мамлакат эҳтимоли зуҳуроти сел вуҷуд дорад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 ва рӯзона ҳарорат ба 8+13 дараҷа мерасад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона гармӣ ба 11+16 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмудат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






