ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии мамлакат боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона гармӣ ба 11+16 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмудат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






