ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст

Июнь 11, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои ноустувор боқӣ монда,  дар доманакӯҳҳо ва  ноҳияҳои кӯҳии мамлакат  боридани борони шиддатнок дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва  рӯзона 5+10 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо борон  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва  рӯзона  гармӣ ба 11+16 дараҷа  мерасад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмудат меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония  мевазад.  Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор  боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 11, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст