ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 32-37 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармии ҳаво ба 32-37 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм шуда, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид






