ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 34-39 дараҷа мерасад

Июнь 19, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво тағйирёбанда шуда,   гармии он ба  34-39  дараҷа   мерасад .  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар шарқи вилоят  боришоти  сусти  борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.    Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва   рӯзона    18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ хаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 19, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад