ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон рӯзона гармии ҳаво ба 35+40 дараҷа мерасад

Июнь 28, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 28.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво  тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона  ба 35-40 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  шуда, эҳтимолияти ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 28, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад