ОБУ ҲАВО: то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор боқӣ хоҳад монд

Июнь 4, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. То 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани боронҳои пуршиддат, ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар дошта шудааст. Вазиши сахти шамол дар вилояти Суғд то 12-17 метр дар як сония мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 18-23 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 0-5 дараҷа  сард ва   рӯзона  ҳарорат ба 10-15  дараҷа  мерасад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6  ва  рӯзона  14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12  ва   рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рӯзона 17-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда,  боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 26-28  дараҷа гарм мешавад.

Июнь 4, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд