Ҷоми КФО-2019: «Истиқлол» имкониятро аз даст дод

Июнь 27, 2019 10:22

ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Шоми 26-уми июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии марказӣ ва тақдирсози Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D»  байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон  ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар медиҳад,     ин вохӯрии ҷолибро  14 ҳазор мухлисони ашадии футболи  тоҷик ба  Варзишгоҳи марказӣ омада тамошо карданд. Хотиррасон менамоем, ки дар ин дидор голи аввалро дар дақиқаи 49-ум Анадурдиев таслими дарвозаи «Истиқлол» намуд. Пас аз гузашти якчанд лаҳза сарвони дастаи  «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур дастаи футболи  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон  дар меҳмонӣ аз дастаи «Дордой»-и  Қирғизистон  бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуд. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи «D» дастаи футболи   «Алтин Асир» бо касби 10 имтиёз роҳи хешро ба даври навбатӣ рӯшан кард. Дастаи  футболи «Истиқлол» бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм, дастаҳои «Дордой» ва «Хуҷанд»  бо 7 холӣ дар занҳои сеюму чорум ҷой гирифтаанд.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «D» 

Бозии 6-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир»  (Туркманистон) — 1:1

Голҳо: Анадурдиев 49 (0:1), Фатҳулло Фатҳуллоев 57 (1:1).

Июнь 27, 2019 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард