Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору вохӯриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё маънидод карданд.
Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми «Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ» зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки Рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо муҳокима гардид.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ, зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалияноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба иқтиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






