Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Норак ташриф овард
ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ба хотири иштирок дар машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осёи Миёна ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари худ 14 июн меҳмони олиқадр ба вилояти Хатлон сафар карда, бо имконоятҳои гидроенергетикии Тоҷикистон шинос шуд.
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло аз рӯи таомули меҳмондории тоҷикӣ бо нону намак дар нерӯгоҳи барқии оби Норак самимона пешвоз гирифтанд.
Сипас, Майтрипала Сирисена бо фаъолият ва имкониятҳои нерӯгоҳи барқии обии Норак аз наздик шинос шуд. Зимни тамошои обанбори нерӯгоҳ ва гаштугулзор дар табиати ин гӯшаи зебоманзари диёр меҳмони воломақом бештар ба захираҳои гидроенергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш маълумот пайдо намуд.
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар ин нерӯгоҳи пуриқтидори мамлакат бо фаъолияти сохтори идоракунии дастгоҳҳои он шинос шуд.
Дар ин сафар ба ҳайати меҳмонон доир ба иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Норак, низоми истеҳсолӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин иншооти азими гидроенергетикӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Қобили зикр аст, ки диққати меҳмононро манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак ба худ ҷалб карданд. Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена чунин иброз дошт: «Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале он чизе, ки дар ин ҷо дидам, маро воқеан ҳам ба ваҷд овард. Табиати зебо, обанбор, боду ҳавои тозаи ин ҷо як биҳиштро мемонад. Агар имкон пайдо кунам, ҳар вақт ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон ташриф меорам».
Ба меҳмонони олиқадр барномаи рангини омодакардаи аҳли фарҳанги шаҳри Норак пешкаш карда шуд.













Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






