Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Норак ташриф овард

Июнь 14, 2019 20:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ба хотири иштирок дар машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осёи Миёна ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари худ 14  июн меҳмони олиқадр ба вилояти Хатлон сафар карда, бо имконоятҳои  гидроенергетикии Тоҷикистон шинос шуд.   

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисенаро Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло аз рӯи таомули меҳмондории тоҷикӣ  бо  нону намак дар нерӯгоҳи барқии оби Норак самимона пешвоз гирифтанд.

Сипас, Майтрипала Сирисена  бо фаъолият ва имкониятҳои нерӯгоҳи барқии обии Норак   аз наздик шинос шуд. Зимни тамошои обанбори нерӯгоҳ ва гаштугулзор дар табиати ин гӯшаи зебоманзари  диёр меҳмони воломақом бештар ба захираҳои гидроенергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба фаъолияти силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш маълумот пайдо намуд.

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар ин нерӯгоҳи пуриқтидори мамлакат бо фаъолияти сохтори идоракунии дастгоҳҳои он шинос шуд.

Дар ин сафар ба ҳайати меҳмонон доир ба иқтидори нерӯгоҳи барқи обии Норак, низоми истеҳсолӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин иншооти азими гидроенергетикӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Қобили зикр аст, ки диққати меҳмононро манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак ба худ ҷалб карданд. Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена чунин иброз дошт: «Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале он чизе, ки дар ин ҷо дидам, маро воқеан ҳам ба ваҷд овард. Табиати зебо, обанбор, боду ҳавои тозаи ин ҷо як биҳиштро мемонад. Агар имкон пайдо кунам, ҳар вақт ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон ташриф меорам».

Ба меҳмонони олиқадр барномаи рангини омодакардаи  аҳли фарҳанги шаҳри Норак пешкаш карда шуд.

Июнь 14, 2019 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид