Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот карданд

Июнь 15, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Давлати Қатар ҳамчун яке аз марказҳои иқтисодиву молиявӣ ва сиёсии олам дар низоми равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳи муҳим мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот аз фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории тоҷикиву қатарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, техникӣ ва сармоягузорӣ, бонкдорӣ, фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, коркарди амиқи маҳсулоти меваю сабзавот, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти имрӯза буд, ки ҷонибҳо барои татбиқи амалии онҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва дигар мавзуъҳои мубрам, муҳокима карда шуд.

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ 15.06.2019

Июнь 15, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд