РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: «КӮДАКОН БА ҒАМХОРИЮ ТАВАҶҶУҲИ ХОСА НИЁЗ ДОРАНД». Раиси шаҳри Душанбе иштирокчиёни даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии наврасон «Мо насли хушбахти замон!»-ро табрик намуд
ДУШАНБЕ. 01.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» баргузор ва ба самъи иштирокчиёни он паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расонида шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз идгоҳ — Муассисаи давлатии «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар тантанаи ҷашнии имрӯза муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок ва табрикоти Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба самъи ҳозирин расонд.
«Кӯдакон ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи буда, ба таваҷҷуҳу ғамхории хоса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд», — омадааст дар табрикоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.
Инчунин дар идомаи табрикот зикр шудааст: «Ин аст, ки аз самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои кӯдакону наврасон ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ ва шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам оварда мешавад.
Шаҳри Душанбе, ки ҳамчун пойтахти Ватани азизамон – маркази фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҳисоб меравад, ба масъалаи тарбияи мадании шаҳрвандони мамлакат ва сокинони навраси пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо дар Душанбеи азизи мо барои кӯдакону наврасон дар баробари муассисаҳои муосири таълимӣ, марказҳои эҷодиву варзишӣ ва фарҳангиву маърифатӣ фаъолият намуда, таҳти назорат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд».
Ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, субҳи барвақт дар саҳни амфитеатри «Аҳорун» намоиши маҳсули дастон ва тахайюли рангини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои эҷодии наврасон, инчунин расму мусаввараҳои офаридаи бачагону наврасон ба маъраз гузошта шуд.
Пас аз расонидани Паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои дар доираи Фестивал баргузоргардида, туҳфа ва ҷоизаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
«Дар ҷамъомад бо иштироки таълимгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии мусиқӣ ва хореографӣ, ансамблҳои бачагона ва дигар дастаҳои ҳунарии бачагона дастагули мусиқии иборат аз рақсу навоҳои дилнишин ва суруду таронаҳои тараннумкунандаи Ватани шукуфон ва сулҳу дӯстии тамоми бачагони сайёра пешкаши ҳозирин гардид», — илова намуданд аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 30 май дар пойтахти мамлакат ифтитоҳ гардида буд.
Фестивали мазкур тайи солҳои истиқлолият бори аввал созмон дода шуда, дар кори он 200 нафар наврасон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки бори аввал аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор намудани ин Фестивал дар пойтахти мамлакат гувоҳи ғамхории ҳамаҷонибаи роҳбарияти шаҳри Душанбе нисбат ба наврасон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни фестивал дар ин рӯзҳо дар пояи муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, аз аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосими Фирдавсӣ дидан намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 30 май иштирокчиёни фестивал дар сирки давлатии Тоҷикистон дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иштирок намуданд. «Лозим ба зикр аст, ки барномаи мазкур бо иштироки беш аз 1800 нафар тарбиятгирандагони хонаҳои бачаҳо ва мактаб-интернатҳои пойтахт ба маъраз гузошта шуд», -афзуд манбаъ.
Метавон гуфт, ки яке аз чорабиниҳои шавқоваре, ки дар лавҳи хотири ҳар иштирокчии Фестивал боқӣ хоҳад монд, ин вохӯрии наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик — мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ба ҳисоб меравад.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, ширкат дар бозиҳои варзишӣ, ба шумули футбол, волейбол ва мусобиқаҳои баскетболбози наврас, шоҳмотбози ҳушманд, шашкабози зиррак, тенисбози наврас дар толорҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе шавқу ҳаваси бачаҳоро ба варзиш боз ҳам баланд кард.
Ёдовар бояд шуд, ки 31 май иштирокчиёни Фестивал дар амфитеатри Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар маросими ҷамъбасти фестивал-озмуни истеъдодҳои наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт» ширкат варзиданд. «Ин барномаи рангини мусиқӣ дар иҷрои ғолибони фестивал — озмуни истеъдодҳои наврас назар ва таассуроти наврасонро нисбат ба фарҳангу маданияти бою ранги миллӣ дучанд намуда, онҳоро дар роҳи садоқат ва хизмат ба хоку буми ин кишвари биҳиштосо роҳнамун намуданд»,- илова намуд манбаъ.
Пас аз анҷоми Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» иштирокчиёни он бо як ҷаҳон шодиву фараҳ ва таассуроти бою рангин ба ноҳия ва шаҳру вилоятҳои худ баргаштанд.