«СОМОН ЭЙР» — ДАР ДАҲГОНАИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОИИ ҶАҲОН БО ЛАЗИЗТАРИН ҒИЗО! Раддабандии мазкурро хизматгузории сайёҳии «Туту.ру» бо таҳлили баҳогузории садҳо нафар мусофирон таҳия намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии тоҷик «Сомон Эйр» ба даҳгонаи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон бо лазизтарин ғизо ворид шуд. Хизматгузории сайёҳии «Туту.ру» баҳогузории мусофиронро таҳлил карда, раддабандии ширкатҳои ҳавопаймоии дорои лазизтарин ғизоро таҳия намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Ведомости» хабар медиҳад.
«Туту.ру» 27,5 ҳазор баҳогузориро, ки аз ҷониби мусофирон дар давраи моҳи апрели соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 гузошта шудаанд, таҳлил намудааст.
Тибқи натиҷаҳои дастрасшуда, «Сомон Эйр» зинаи ҳафтуми раддабандии ширкатҳои ҳавопаймоии дорои лазизтарин ғизоро ишғол намуд.
Дар ҷойи якуми даҳгона мисли ду сол қабл ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Uzbekistan Havo Yullary», дар ҷойи дуюм ширкати ҳавоии озарӣ «Azerbaijan Hava Yollary» ва дар ҷойи сеюм ширкати туркии «Turkish Airlines» қарор гирифтанд.
Илова бар ин, ширкатҳои «Lufthansa»-и Германия, «Air Astana»-и Қазоқистон, «Georgian Airways»-и Грузия, «Air Moldova»-и Молдова ва ду ширкати юнонӣ «Aegean Airlines» ва «Ellinair» низ ба даҳгона шомил гардиданд.









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






