Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод

Июнь 24, 2019 14:22
24.06.2019, ноҳияи Нуробод

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мост, ки кишвари азизамон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, ҳоло барои зиндагии орому осуда ва заҳмати созандаи сокинони мамлакат, инчунин, баргузор намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Ҷашни ваҳдати миллӣ низ, ки рӯзи 27-уми июн таҷлил мегардад,  дар радифи санаҳои хеле муҳимму таърихии даврони соҳибистиқлолии кишварамон қарор дорад.

Бо истифода аз фурсат, сокинони ватандӯсту заҳматпешаи ноҳияи Нуробод ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашн самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Мардуми ноҳияи Нуробод бисёр меҳмоннавозу заҳматписанд мебошанд ва мо имрӯз натиҷаи азму иродаи қавӣ ва саъю талоши онҳоро ба хотири рушди устувори ноҳия ва кишвари маҳбубамон баръало мушоҳида кардем.

То назди шумо омадан мо бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоиву хизматрасонии ноҳия шинос шуда, дар маросими ба истифода супоридани якчанд иншооти нав иштирок кардем.

Нуробод аз ҷумлаи ноҳияҳои навбунёде мебошад, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат, инчунин, заҳмати ватандӯстонаи сокинонаш қомат афрохта, имрӯз ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Нуробод аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардонидани  он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки дар ноҳия захираву имкониятҳои истифоданашуда барои боз ҳам афзоиш додани даромади буҷети маҳаллӣ ва ободии аз ин бештар ҳанӯз зиёданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нурободро зарур аст, ки якҷо бо кумитаҳои рушди маҳал, рушди сайёҳӣ ва дигар вазорату идораҳо ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои мавҷуда ва роҳҳои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нурободро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати воқеъбинона ба нақша гирифтани буҷети маҳаллӣ, афзоиш додани  даромади он, пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳо мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ноҳия ба маблағи умумии  509 миллион сомонӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқарорсозии баъдиҷангӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад.

Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда биноҳои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Ҳасандара сохта, бо ашёву таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Илова ба корҳое, ки то имрӯз анҷом дода шудаанд, роҳбарони ноҳия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ба шумули корхонаҳои коркарди маҳсулот, бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар муддати 15 соли охир ба соҳибкорон ва сокинони ноҳия зиёда аз 85 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 9 миллиони он ба се соли охир рост меояд.

То оғози апрели соли 2019 дар ноҳия 1080 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ то 1-уми марти соли 2019 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳибкорони ноҳия ҳамагӣ 620 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст.

Инчунин, аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба субъектҳои соҳибкории ноҳияи Нуробод ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзноки давлатӣ дода шудаанд.

Таъкид месозам, ки маблағҳои зикршуда ночиз мебошанд ва барои пешбурди фаъолияти соҳибкории ноҳия кифоя нестанд.

Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи пешниҳоди қарз ба соҳибкорони истеҳсолӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи зикршуда аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ҳиссаи қарз ба соҳибкорони ноҳия 34 фоиз ва дар семоҳаи якуми соли 2019 ҳамагӣ 14 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бамаротиб кам мебошад.

Ҳалли ин масъалаи муҳим, яъне афзоиш додани ҳаҷми қарз ба соҳибкорони ноҳия ва таъмин намудани дастрасии онҳо ба воситаҳои молиявӣ вазифаи бевоситаи Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.

Ҳоло Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 202 лоиҳа бо арзиши умумии 182 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Вале суръат ва сифати амалӣ шудани лоиҳаҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Ҳамзамон бо ин, аз 248 лоиҳаи ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ пешбинишуда то имрӯз 93 лоиҳа мавриди истифода қарор гирифтааст, ки нокифоя буда, дар ин ҷода низ  андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорону соҳибкорон ва аҳолӣ ҷиҳати босифат амалӣ гардидани барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва нақшаи ободониву бунёдкории ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ таҳияшуда чораҷӯӣ намоянд.

Дар ин раванд, назорати ҷараёни корҳои сохтмони иншооти бунёдшаванда, сифати масолеҳи сохтмон, риояи меъёрҳои муосири меъморӣ, инчунин, ба нақшаи генералии ноҳия мутобиқат кардани онҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ноҳия бо дарназардошти имконияту захираҳои зиёд, аз ҷумла ашёи хоми маҳаллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бояд доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд.

Аммо тайи  ду соли охир ҳамагӣ як корхонаи коркарди шир ва корхонаи хурди парандапарварӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки барои ноҳияи Нуробод бо имконоти фаровони он кофӣ нест.

Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ, гулдӯзиву адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиву косибӣ аз роҳбарон ва масъулони ноҳия андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.

Дар ин бобат, таъкид месозам, ки иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда ва таъмин намудани пешрафти ҳамаи соҳаву бахшҳо аз қобилияти ташкилотчигиву ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дигар шахсони масъул ва фаъолон  вобаста мебошад.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки ноҳияи Нуробод дорои захираҳои фаровони ашёи хом, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ буда, тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши даромади аҳолиро таъмин кардан мумкин аст.

Дар иртибот ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ бояд бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 188 миллион сомонӣ расонида шуда, дар се соли охир ду баробар афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ин, имкониятҳои ноҳия дар ин самт ҳоло ҳам ба таври кофӣ истифода нашудаанд.

Бинобар ин, зарур аст, ки масъулин ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, парвариши картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот, инчунин, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва хизматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла Нуробод тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Нуробод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 60 бинои асосӣ ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои қариб 15000 ҷойи нишаст азнавсозӣ гардида, айни ҳол сохтмон ва азнавсозии 8 бинои нави таълимӣ барои 2000 ҷойи нишаст идома дорад.

Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм ба масъалаи бунёди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла хусусӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таъмини мактабҳо бо асбобу лавозимоти хониш чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарони ноҳия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба бунёду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудани беморхонаи марказии ноҳия ва бунгоҳҳои тиббии деҳот бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва  таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳа тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки то ҳол дар фаъолияти баъзе ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар самти иҷрои қонунгузории андоз камбудиву қонуншиканиҳое ҷой доранд, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таъсири манфӣ мерасонанд.

Инчунин, таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия нишон медиҳад, ки баъзе намудҳои ҷинояткорӣ тамоюли афзоиш дорад ва чунин вазъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявиро талаб менамояд.

Дар давоми чанд соли охир дар задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби сокинони ноҳияи Нуробод 68 нафар иштирок намудаанд ва соли 2018 ҳамагӣ се нафари онҳо ба Ватан баргардонида шудаанд.

Зарур аст, ки барои баргардонидани ҳамаи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода карда шавад.

Яъне кӯшиши бештар ба харҷ додан лозим аст, ки на танҳо чунин шаҳрвандони гумроҳшуда, балки дигар афроде, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ба зодгоҳи худ баргардонида шаванд.

Ноҳияи Нуробод дар масъалаи ҳолатҳои фавқулода аз ҷумлаи мавзеъҳои осебпазир буда, офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои гуногун ва аҳолӣ ҳисороти зиёд мерасонанд.

Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва тақвияти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳамаи минтақаҳои хавфноки ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи Тоҷик”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла кашидани хатҳои интиқоли барқ ба маҳаллаҳои нави аҳолинишин суръат бахшанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамаи шумо аз вазъи бисёр ноороми ҷаҳони муосир хуб огоҳ мебошед.

Дар чунин шароит мову шумо вазифадорем, ки ба шукронаи соҳибихтиёрии давлату миллатамон ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ба хотири ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон боз ҳам бештар ва аҳлона заҳмат кашем, ба тарбияи дурусти фарзандон – соҳибони ояндаи кишвар ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кардани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки заминаи асосии пешрафту дастовардҳои ноҳияи Нуробод ба туфайли истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо заҳмати софдилонаи сокинони ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон муяссар гардидааст.

Итминони комил дорам, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард, зеро ҳадафи ниҳоии ҳар яки мо ободу зебо гардонидани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар навбати аввал ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва ба як кишвари пешрафта табдил додани Ватани азизамон мебошад.

Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияи Нурободро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тансиҳативу сарбаландӣ ва барори кору муваффақият орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Июнь 24, 2019 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд