Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Ноябрь 25, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади «Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ», ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст, аз қабили 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои  барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалигардонии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад.

Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, Барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, муҳокима гардида, хулосаҳои даркорӣ бароварда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳгардида ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

Дастурҳои дигар оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла захираи кофии маводи хӯрока, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани зимистон, омода ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишт кардани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ ва ғайра дода шуд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.11.2025

Ноябрь 25, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд