ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июн, душанбе, 161-умин рӯзи соли 2019 аст

Июнь 10, 2019 08:00

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

***

9 сол пеш, 10 июни соли 2010 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд бо ҳам мулоқот намуданд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки сармоягузории Аврупо ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуданд. Дар ҷараёни суҳбат Ф. Мейштадт зикр намуд, ки Бонки сармоягузории Аврупо омода аст барои рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистон кумак намояд.

10 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён.

***

Дар Россия — Рӯзи мебелсозон.

***

Дар Урдун — Рӯзи артиш.

***

Дар Япония — Рӯзи соат.

 РӮЙДОДҲО:

 10 июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор гардид.

***

10 июни соли 2013 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» баррасӣ шуд.

***

5 сол пеш, 10 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Латвия баргузор гардид. Дар  маросими ифтитоҳи расмии  он  Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сухан карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1847 аввалин шумораи рӯзномаи «Минбари Чикаго» («Чикаго трибюн») нашр шуд.

***

102 сол муқаддам, 10 июни соли 1907 дар Чин сабқати мошинҳои Пекин — Париж оғоз гардида буд, ки 13 000 км дарозӣ дошт.

***

10 июни соли 1934 дастаи миллии Италия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон Чехословакияро бо ҳисоби 2:1 мағлаб карда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази Бунёди «Русский мир» кушода шуд.

***

Соли 1793 Вашингтон пойтахти ИМА интихоб гардид.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июнь 10, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш