«ҲУНАРМАНД ҲАР КУҶО БУВАД САРФАРОЗ». Таҳти ин унвон имрӯз дар Душанбе намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон баргузор мешавад

Июнь 29, 2019 12:42

ДУШАНБЕ, 29.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва илмию маърифатӣ имрӯз, соати 17:00 дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намоиши мазкур ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он ҷалби бештари насли ҷавон ба ҳунаромӯзиву ҳунармандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар намоиши мазкур гӯшаи ҳунарҳои мардумии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумита рушди сайёҳӣ,  Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил ва манзури тамошобинон карда мешавад.

 

Июнь 29, 2019 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад