Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори 6 медал гардиданд

Июнь 27, 2019 11:26

ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 2-юмин  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур, рӯзҳои 22-25 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланду хотирмон доир шуд. Бояд зикр кард, ки дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз 6 давлат – Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок ва аз рӯи 14 равия миёни мардону бонувон қувваозмоӣ намуданд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа ба гирифтани 6 медал – 1 нуқра, 5 биринҷӣ даст ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки медали нуқраро Климик Карина дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон ба даст овард. Климик, ҳамчунин дар шинои тарзи парвона ба масофаи 100 метр миёни бонувон соҳиби медали биринҷӣ шуд. 4 медали дигари биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Екатерина Бордачёва дар шинои пуштнокӣ ба масофаи 200 метр миёни бонувон, Гадоев Ардашер дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни мардҳо, Набиева Заррина дар шинои тарзи озод ба масофаи 400 метр миёни бонувон ва Хоркашов Рамзиёр дар шинои брасс ба масофаи 50 метр миёни мардҳо сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем,ки дар ҳисоби даставӣ Россия ҷои аввал, Узбекистон мақоми дуюм, Белорус зинаи сеюмро сазовор гардиданд. Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол намуд.

Июнь 27, 2019 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад