30 июл Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 29, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти мабуотӣ мегузаронанд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир мешавад.

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намояндагони ВАО соати 10:00 дар маҷлисгоҳи вазорати мазкур нишаст мегузаронад.

Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар бинои маъмурии Агентӣ, бо нишонии кӯчаи Карамов,20  баргузор мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 29, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст