Ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии САҲА иштирок дорад

Июль 8, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар Люксембург баргузор гардида истодааст, иштирок дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ба ҳайати мазкур ваклони мардумӣ Олим Салимзода, Ҷурахон Маҷидзода ва Гулбаҳор Назирӣ шомил мебошанд.

«Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се Кумитаи асосии Ассамблеяи Парламентии САҲА роҷеъ ба  мавзӯъҳои муҳокимагардида сухан карда, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароии хушунатомез ёдовар шуданд», — афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ҳайати Парлумони Тоҷикистон оид ба  таъмини сулҳ ва бехатарии энергетикӣ дар Афғонистон низ сухан карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур таҳти шиори умумии «Мусоидат ба рушди устувор ба хотири таҳкими бехатарӣ: нақши парламентҳо дар он» 4 июл оғоз гардида,  шоми имрӯз, 8 июл ба анҷом мерасад.

Июль 8, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид