ҒАЛАБА ОСОН БА ДАСТ НАМЕОЯД. Дар шаш моҳи гузашта варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 231 медал оварданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар кишвар рушд намуда, варзишгарони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд.
Гуфта шуд, ки варзишгарони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 231 медал (108 тилло, 16 нуқра, 105 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 медал зиёд мебошад. Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо хушнудӣ иброз дошт, ки аз ҷумла, шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад (51 тилло, 9 нуқра, 74 биринҷӣ) расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 67 медал зиёд аст.
Аҳтам Абдуллозода дар мавриди омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 иброз дошт, ки миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 5 федератсияи варзишӣ нақшаҳои омодагии сеҷониба ба имзо расидааст ва варзишгарон дар асоси онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва литсензионӣ сафарбар мегарданд.
Дар давраи ҳисоботӣ барои муаррифии Тоҷикистон 284 варзишгар (аз ҷумла, 24 бону) ба 65 мусобиқаи сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд ва дар натиҷаи кӯшишу талоши ватанпарваронаи онҳо дар арсаҳои варзишии ҷаҳон 108 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
«Ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 6446 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохилимактабӣ, оммавӣ-солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки ба онҳо 1290043 нафар (аз ҷумла 304672 бону) фаро гирифта шуданд», — афзуд А. Абдуллозода.
Дар идома зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар бо унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 63 нафар бо унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 нафар бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», 2 нафар бо унвони «Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 4 нафар бо унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






