ҒАЛАБА ОСОН БА ДАСТ НАМЕОЯД. Дар шаш моҳи гузашта варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 231 медал оварданд

Июль 30, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар  кишвар рушд намуда, варзишгарони  тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд. Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр карда шуд.

Гуфта шуд, ки варзишгарони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 231 медал (108 тилло, 16 нуқра, 105 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 медал зиёд мебошад.    Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо хушнудӣ иброз дошт, ки аз ҷумла, шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад (51 тилло, 9 нуқра, 74 биринҷӣ)  расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 67 медал зиёд аст.

Аҳтам Абдуллозода дар мавриди омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020   иброз дошт, ки миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 5 федератсияи варзишӣ нақшаҳои омодагии сеҷониба ба имзо расидааст ва варзишгарон дар асоси онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва литсензионӣ сафарбар мегарданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои муаррифии Тоҷикистон  284 варзишгар (аз ҷумла, 24 бону) ба 65 мусобиқаи сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд ва дар натиҷаи кӯшишу талоши ватанпарваронаи онҳо дар арсаҳои варзишии ҷаҳон 108 маротиба   Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

«Ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 6446 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохилимактабӣ, оммавӣ-солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд, ки ба онҳо 1290043 нафар (аз ҷумла 304672 бону) фаро гирифта шуданд», — афзуд А. Абдуллозода.

Дар идома зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар бо унвони «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 63 нафар бо унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 нафар бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», 2 нафар бо унвони «Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 4 нафар бо унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Июль 30, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт