Дар Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон дар сатҳи сардорони Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти дуюми кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории имконпазири дуҷониба бо Афғонистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд






