Дар Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон баргузор гардид

Июль 4, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон дар сатҳи сардорони Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти дуюми кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Тавре АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории имконпазири дуҷониба бо Афғонистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф ва тандурустӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Июль 4, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд