Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябри соли равон дар Кохи «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.
Форуми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал доир гардида, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тавонбахшӣ ва солимгардонии маъюбон мебошад. Ин нукта 4 июл дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баргузор гардида, дар кори он муовини вазир, инчунин сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, шарикони рушд, намояндагони вазорат ва кумитаҳои дахлдор, роҳбарони муасисаҳо ва иттиҳодияҳои маъюбон иштирок намуданд.
Насим Олимзода дар бораи зарурат ва муҳимияти гузаронидани форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбон ибрози андеша намуд.
Дар ҷаласаи мазкур инчунин масъалаҳои ташкилии форум мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузаронидани ҷаласаҳои пленарӣ, ки мавзӯъҳои дастрасии доруворӣ ба маъюбон, таҳсилоти маъюбон, нафақаи маъюбон ва пардохти онҳо, мушкилоти маъюбон дар ҷомеа, саҳми шарикони рушд дар дастгирии маъюбон ва ғайраро дар бар мегиранд, мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин форуми сатҳи баланд барои ҳалли мушкилоти масъалаҳои маъюбон дар мамлакат заминаи хубе фароҳам хоҳад овард.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» қабул гардид, ки он дурнамо ва нақшаи амалро нисбат ба ҳуқуқҳои маъюбон, дастрасӣ ба хизматҳои сифатноки вобаста ба тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон таъмин намуда, фарогирии умумиро ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ то соли 2020 дастрас мегардонад.
Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат оғози соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.








Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид






