Дар Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии пиронсолон муҳокима гардид

Июль 24, 2019 14:34

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолонро дар Тоҷикистон  муҳокима намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дирӯз бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози Бюрои аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом Манферд Хубер дар Маҷмааи давлатии «Душанбе -Плаза» таҳти унвони  «Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш   намояндагони   бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», Раёсати ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъол ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳамоиш  бо мақсади шиносоӣ дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайянкунии афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин коркарди пешниҳодот ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегия оид ба масъалаҳои пиронсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  баргузор гардид.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед  дар ҳамоиш оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузории он, вазъи будубоши пиронсолон дар мамлакат ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ сухан гуфт.

Инчунин дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён   мақсад ва вазифаҳои бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», нишондиҳандаҳои таҳлили муқоисавии вазъи иқтисодию иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018 ва хусусиятҳои ҳолати рӯҳию равонии пиронсолонро вобаста ба муҳити зист дар ҳолати имрӯза баррасӣ намуданд.

Июль 24, 2019 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид