Дар Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии пиронсолон муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолонро дар Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дирӯз бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози Бюрои аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом Манферд Хубер дар Маҷмааи давлатии «Душанбе -Плаза» таҳти унвони «Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъол ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳамоиш бо мақсади шиносоӣ дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва рӯҳию равонии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайянкунии афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин коркарди пешниҳодот ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегия оид ба масъалаҳои пиронсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҳамоиш оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузории он, вазъи будубоши пиронсолон дар мамлакат ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ сухан гуфт.
Инчунин дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён мақсад ва вазифаҳои бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», нишондиҳандаҳои таҳлили муқоисавии вазъи иқтисодию иҷтимоии пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018 ва хусусиятҳои ҳолати рӯҳию равонии пиронсолонро вобаста ба муҳити зист дар ҳолати имрӯза баррасӣ намуданд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






