Дар минтақаи Кӯлоб 155 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардиданд

Июль 24, 2019 11:34

КӮЛОБ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади бунёд ва барқароркунии ҷангалзор дар минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли равон 155 гектар ҷангалҳои нав бунёд гардида, 304 гектар ҷангалҳои кӯҳна барқарор гардиданд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ  сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб Мираҳмад Давлатов  ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, дар тобеияти хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 322 ҳазору 719 гектар замин мавҷуд мебошад. Аз  ин рақам 75 ҳазору 271 гектар ҷангалу бешазор, 34 ҳазору 883 гектар буттазор ва 131 ҳазору 224 гектар чарогоҳ мебошад.

Номбурда афзуд, ки ҷангалҳои нав ба тариқи кишт ва шинонидани ниҳол бунёд гардида, бештари онҳоро ниҳолони чормағз, писта ва бодом ташкил медиҳанд.

Ба  иттилои манбаъ, нозирони ҳифзи ҷангали минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали  соли равон 231 қонуншиканиҳои ҷангалро ошкор намуданд, ки маблағи ҷарима 31 ҳазору 171 сомониро ташкил медиҳад. Феълан дар ҳудуди хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб 20 ҳазору  590  сар ҳайвонот ва 33 ҳазору 415 сар паранда сукунат доранд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,
                                                                                     рӯзноманигор 

Июль 24, 2019 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард