Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия «Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон» бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия Хона-осорхонаи фарҳанги миллии тоҷикон бунёд мешавад. Дар назар аст, ки муассисаи мазкур то соли 2021 ба истифода дода шавад. Ин масъала имрӯз, 30 июл дар доираи вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Раиси Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия Толиб Баротов баррасӣ гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин осорхона гӯшаҳои китобҳои адибону шоирони классик ва муосири тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ, толори санъати тасвирии инъикоскунандаи табиати нотакрори Тоҷикистон, асбобҳои мусиқӣ, нигораҳои таърихӣ ва либоси миллӣ ҷой дода мешаванд.
«Мақсад аз ташкили осорхонаи мазкур тарғиби фарҳанги тоҷикон аст, то тоҷикони муқими Оренбург аз таърихи ниёгон, адабиёт, илм ва санъату ҳунари аҷдодӣ огоҳ ва бархурдор бошанд», — иброз дошт Толиб Баротов.
Бояд гуфт, ки дар маҷмааи мазкур ҳамчунин ошхонаи тоҷикӣ бо таомҳои миллӣ сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи мазкур бо ташаббуси Автономияи миллӣ-фарҳангии тоҷикон таъсис меёбад.
Зикр гардид, ки Маркази мухтори миллӣ-фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия соли 2012 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Он то ин муддат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба яке аз ҷамъиятҳои пешрави тоҷикон дар хориҷ табдил ёфтааст. Марказ соҳиби газетаи худ бо номи «Согдиана» аст, ки қаблан бо номи «Паёми Оренбург» дарҷ мешуд. Инчунин ҷилди аввал ва дуюми китоби «Таджики в Оренбурге» ба табъ расида, алҳол нашри ҷилди сеюми он дар назар аст.
Бояд гуфт, ки аз соли 1993 инҷониб шаҳри Оренбург бо шаҳри Хуҷанд расман шаҳрҳои бародар эътироф гардидаанд. Алҳол дар вилояти Оренбурги Федератсияи Россия 12 000 тоҷик сокини муқимиянд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ дар Оренбург ва нақшаи барномаҳои муштарак суҳбат намуданд









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






