Дар Тоҷикистон Мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеъ оид ба тенниси рӯи миз доир мегардад
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 июли соли равон дар ҷумҳурӣ Мусобиқаи интихобии даври дуюм оид ба тенниси рӯи миз байни ҷавонони соли таваллуди 1998 ва аз ин хурд баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи интихобии дастаҳои ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва шаҳри Файзобод дар ноҳияи Рашт ва дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб дар шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Мусобиқаи тенниси рӯи миз дар сатҳи маҳаллӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






