Дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ ва қаллобӣ содир гардидаанд, — бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ
ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 226 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 378 ҷинояти эктремистӣ ошкор ва ба ҳисоб гирифта шуд. Аз ҷумла, 1 амали террористӣ содир шуда, 2 суиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. 97 нафар аъзои ташкилоти террористӣ муайян ва дастгир карда шуда, бо доир кардани чорабиниҳои фаврию фаҳмондадиҳӣ 169 нафар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти мусаллаҳонаи дигар кишварҳо иштирок доштанд, ихтиёрӣ ба Ватан бозпас оварда шудаанд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 48 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ – 62 ҳолат, таҷовуз ба номус -20, роҳзанӣ- 14, савдои одамон -10, ғоратгарӣ -74, авбошӣ-541, қаллобӣ-1890, гардиши ғайриқонунии силоҳ -19, ҷиноят бо истифодаи силоҳ-17, дуздӣ-2945, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор -302 ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуданд.
Тавре аз маълумоти мазкур бармеояд, дар ин давра дар мамлакат аз ҳама зиёд ҷиноятҳои дуздӣ (2945 ҳолат) ва қаллобӣ (1890 ҳолат) содир гардидаанд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз аҳолӣ 503 адад силоҳҳои гуногун, аз ҷумла 43 адад автомати Калашников мусодира карда шудааст.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар мамлакат 1 тоннаву 311 кг воситаҳои нашъадор дарёфт ва мусодира гардидаанд, ки аз ин 60 килограмро маводи сахттаъсири героин, 1445 ададро ҳабҳои экстазӣ ташкил медиҳанд.
«Алҳол ислоҳот дар соҳаи милитсия идома дошта, 60-70 фоизи корҳо дар ин самт ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, як зумра тадбирҳои муҳим дар ин замина андешида шудаанд. Баҳри татбиқи пурраи ин ислоҳот ҳудуди 60 миллион доллари амрикоӣ сарф мегардад. Дар бораи соли 2021 ба политсия табдил ёфтани милитсия гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ҳарчанд алҳол лоиҳаи қонуни дахлдор дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад»,-илова кард вазир.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи ислоҳоти милитсия се ҳуҷҷати муҳим: Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барнома барои солҳои 2013-2020 таҳияву тасдиқ гардидаанд.








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






