Дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон масъалаҳои ҳамгироӣ миёни САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 июли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки дар он масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда буд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо даъвати раёсикунанда — Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Дабири кулли СҲШ В.Норов оид ба ҳамкории кишварҳои узви ин Созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо «се неруи шар» – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳанӯз аз оғози фаъолияташ СҲШ муваззаф шуда буд, ки дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад. Ӯ таъкид кард, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардиданд.
Намояндаи махсуси ИА П.Буриан аз тамоюли рушди ҳамкорӣ миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳайатҳоро ба муқаррароти Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ, ки 17 июни 2019 қабул гардида буд ва ҳамзамон натиҷаҳои 15-умин нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 7 июли соли равон дар Бишкек баргузор гардид, ҷалб кард.
Дабири кулли САҲА Т. Гремингер тазаккур дод, ки фазои мусоиди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки чанд соли охир ба мушоҳида мерасад, шароитро барои таъмини рушди муштараки кишварҳо, аз ҷумла бо ҷалби имкониятҳои созмонҳои минтақавӣ фароҳам сохтааст. Ӯ ба раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани мавзӯи ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба барномаи FSC изҳори сипос кард.
Иҷлосияи мазкур ба созмонҳои минтақавӣ шароит фароҳам овард, то бар пояи муқаррароти боби VIII Оинномаи СММ роҷеъ ба имкониятҳои ҳамкории фарогир дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намоянд.








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






