ДАСТОВЕЗИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ МО КИТОБ АСТ. Дар партави Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ»

Июль 19, 2019 12:09

ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар пешрафт ва кашфиёти маънавӣ, ки ҷомеаи инсонӣ дар тӯли таърих ба даст овардааст, пеш аз ҳама, вобаста ба пешрафту кашфиёти андешаву мафкураи инсонӣ ба даст омадааст, ки танҳо тавассути китоб, яъне навиштаҳои башарӣ ҷамъ гардидаву маҳфуз мондаанд. Аз ин рӯ маҳз дар китоб дастовардҳои ақлонии ҳамаи миллатҳо ва ҳамаи давру замонҳо пойдору ҷовидонӣ мондаанд. Яъне китоб чун хазинаи ақлу дониш ва илму идрок барои пойдорӣ ва пешрафти маънавиёти ҷомеаи башарӣ ва инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Инҷо андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насруллоро перомуни китоб ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза манзури хонандагони сомона мегардонем.

 -Дар мақолаи аввал оид ба нақши китоб дар рушди тамаддуни миллӣ ва башар, бартариҳои мутолиаи китоб аз интернет ва сабабҳои коста шудани мавқеи китоб дар ҷомеа ибрози андеша карда будем. Дар мақолаи зер мо мекӯшем оид ба сабабҳои дур шудани ҷомеа аз китоб, берун аз барномаи мактабӣ китоб нахондани кӯдакону наврасон ва роҳҳои бозгашт ба мутолиаи китоб, бедор сохтани таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин ганҷинаи бебаҳои ҳастӣ баёни назар намоем.

Имрӯз дар саросари олам, аз ҷумла  дар ҷумҳурии мо низ нақши китоб коста мегардад, интишор, харидорӣ ва мутолиаи он рӯз то рӯз кам мешавад ва ин зуҳуроти таассуфангез метавонад натиҷаҳои номатлуб ва зиёновареро ба бор оварад, зеро танҳо китоб аст, ки инсонро инсонитар, соҳибтамаддуну бомаърифат мегардонад ва чун сарчашаи илму хирад, дастури бегазанди илму адаб раҳнамои ҳамешагии ӯст.

Мо андешаҳои худро оид ба китоб ва ҷомеаи имрӯза, манзалати китоб, китоб ва интернет ва бартарии китоб  баён намуда, гуфта будем, ки як сабаби коста шудани нақши китобро имрӯз аксари одамон дар мавқеи аввалро ишғол кардани интернет мебинанд. Аммо имрӯз зуҳури интернет, тақозои табиии замон аст ва наметавон гуфт, ки он лозим нест, зеро интернет бартариҳои худро дошта, барои сарфаи вақт, афзоиши суръат ва осонии кор, маҳфуз доштани теъдоди зиёд ва дастрасии ахбори барои инсон зарур  ва  сари вақту ба зудӣ  дастрас гардидани он  ногузир гардидааст. Аммо, ба андешаи банда, муносибати нодурусти мо ба ҳарду зуҳурот:  китоб ва  интернет, тафриқа гузошта натавонистанамон дар байни ҳарду, надонистани истифодаи дуруст ва бамавриди онҳо сабаби  танг шудани мавқеи китоб  дар ҷомеа ва дур шудани мардум аз он гардидааст, ки зиёни бузурге ба маънавиёти мо метавонад оварад. Чун дар мақолаи аввал муфассалтар аз ин хусус андешаҳо баён ёфта буданд, ба такрори онҳо ҳоҷат намебинем. Имрӯз мавзӯи мушаххаси мо ин аст:

ЧАРО НАВРАСОН КИТОБ НАМЕХОНАНД?

ЧӢ БОЯД КАРД, КИ КӮДАКОНИ МО КИТОБХОН ШАВАНД?

         Ҳоло  ҳадафи мо мавриди андеша қарор додани ҳамин саволҳост: Чаро имрӯз дар мамлакати мо таваҷҷуҳ ба китоб хеле коста шудааст? Чаро, хусусан, кӯдакон ва наврасон китоб намехонанд? Ва чӣ бояд кард, ки фарзандони мо китобхон шаванд? Албатта, дар ин маврид китобҳои дарсӣ сарфи назар карда мешаванд, зеро барномаҳои мактабӣ вомедоранд, ки мактаббачагон онҳоро мутолиа кунанд. Кӯшиш мекунем ба таври худ ба ин саволҳо посух бидиҳем.

Аввалан. Сабаби дур шудани мардум аз китобро мо, пеш аз ҳама, дар  иваз ва дигар шудани арзиш ва ва меъёрҳои рӯзгорамон мебинем. Соҳибистиқлол шудани давлати мо ба давроне рост омад, ки ана ҳамин меъёрҳо дар ин сарзамин, яъне собиқ Шӯравӣ дигар шуданд. Дар замони шӯравӣ арзишҳои маънавӣ  дар ҷомеа болотар аз арзишҳои моддӣ меистоданд. Зеро ғояҳои он замон инро тақозо доштанд ва сохтори он замон ба ин мувофиқонида шуда буд. Дар замони пасошӯравӣ, вобаста ба вазъи кулли олам, муносибатҳои бозорӣ, набардҳои иқтисодӣ барои дарёфти мавқеи устувор дар ҷомеа ва ғайраҳо, арзишҳои моддӣ ба ҷои аввал баромаданд. Шояд барои кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта, мисли аксари кишварҳои Аврупову Амрико, ин чандон таъсире надошт, аммо барои кишварҳое, ки баъд аз инқирози таърих, ҳанӯз дар оғози марҳилаи худшиносӣ қарор доштаву  аз таассубу хурофот комилан озод нагашта, гузашти тадриҷии системаҳоро аз сар нагузаронида буданд, ин ивазшавии арзишҳо таъсири ба назар намоёне дошт ва аксари мардум аз пайи ба даст овардани арзишҳои моддӣ гардиданд. Ҳарчанд мусаллам аст, ки халқи ҳанӯз ба арзишҳои баланди маънавӣ нарасида наметавонад  ба арзишҳои баланди моддӣ низ бирасад.

Аз ин ҷост, ки рӯ тофтан аз китоб, хониш ва маърифатомӯзӣ ҳаргиз мусоидат ба пешрафти ҷомеа нахоҳад дошт. Ана дар ҳамин маврид мо мефаҳмем, ки иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳрезии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ҳадафи фаро гирифтани тамоми гӯшаҳои мамлакат ва аҳолӣ амалӣ мегардад, чӣ қадар муфид ва саривақтист, зеро ҳадафи асосияш бозгашт ба китоб, яъне ба сарчашмаи маърифат чун ба асолати миллӣ ва таърихии халқи соҳибтамаддуни мост.  Ба маврид аст, гӯем, ки аз аввал то имрӯз, дар зарфи бисту ҳашт соли сипаришуда, сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат бо додани аҳамияти аввалиндараҷа ба мақоми забони тоҷикӣ, дастгирӣ аз фарҳангу илму адабиёт, ташкили маросим оид ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо бахшида ба  бузургони миллат, баланд бардоштани маънавиёти миллӣ буду ҳаст. Ва ин иқдоми навин бо мақсади баланд  бардоштани мавқеи китоб ва китобхонӣ аз ҷониби Сарвари давлат низ тақозо  ва зарурати замон аст, бо пайгирии ҳадафҳои баланди миллӣ, аз ҷумла худшиносӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ.

Дар сафи ин иқдомҳои наҷиб дастгирӣ  аз интишори китобҳои адибону олимон, ҳамасола ҷудо кардани маблағи зарурӣ аз хазинаи Пешвои мамлакат барои нашри китоб ва хусусан интишори силсилаи бузурги китобҳо аз хазинаи тилоии адабиёти гузаштаамон таҳти унвони “Ахтарони адаб” далели мушаххас ва дурахшони ин ғамхориҳост.

Сипас. Бояд гуфт, ки бунёди маънавӣ, таҳкурсии муҳаббат ба сухан, илму дониш, чунон ки мутахассисон муайян кардаанд, барои кӯдак ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад, яъне аз ҳолати рӯҳонии модар дар ин даврон, аз рӯҳияи некандешонаи ӯ, шунидани суруду мусиқӣ, шеър ва каломи неку созанда, аввалин аллаҳои модар ва хеле муҳим аст, ки ин матнҳо бо худ ишқу самимият ва хайрандешӣ бубаранд. Аз он ҷо таҳкурсии аввал барои бунёд ва қабули маърифат ва дониш гузошта мешавад. Ва оилаву хонаводаҳои  халқи соҳибтамаддуни мо ин таҷрибаро доштанду доранд, ки он аз суруди аллаи  модар оғоз меёбад.

Акнун, биёед, аввал ба худамон — ба падару модарон  рӯй меорем, на ба дигарон. Зеро агар ҳар падару модар аввал аз худ, аз фарзанди худ тарбиятро оғозад, ин тарбия ва ин рӯҳияи солим ҳама ҷомеаро фаро хоҳад гирифт.  Ҳол он ки мо аксарамон ба дидани камбудиҳои дигарон одат кардаем, аммо ҳаргиз назари танқид ба худ надорем. Бинобар ҳамин сараввал савол ба худамон чунин аст, ки оё мо барои бедор кардани таваҷҷуҳ ва муҳаббати фарзандамон ба китоб, ба хониш чӣ иқдом кардаем? Имрӯзҳо дастуру китобҳои махсус, ки кӯдаконро аз тифлӣ ба маърифатнокшавӣ раҳнамоӣ мекунанд, дастраси ҳамагон шудан доранд. Оё мо аз онҳо истифода мебарем? Оё кадоми мо онҳоро дар хонаҳои фарзанддорамон дорем?

Аксари мо қариб ҳар рӯз ба кӯдаконамон чизҳои зиёновареро, мисли “чипси”-ву “кириешки” ва  тухми офтобпараст мехарем. Оё шудааст, ки ба ҷойи он ягон бор ба ҳамон маблағ чизе манфиатовар, масалан як маҷаллаи зебову рангаи кӯдакона, ягон китобчаи бачагона, қаламҳои рангаву  албомҳои сураткашӣ харему ҳамроҳи кӯдакон машғули омӯзишашон шавем, ки ҳазор бор манфиатовар буда, як умр дар дилу хотири кӯдак чун дороӣ мемонад  ва замина барои соҳибфарҳангии ӯ мегардад? Пас аз куҷо кӯдакони мо соҳибфарҳангу босаводу китобхон ва андешапарвар шаванд? Банда, ки солиён сармуҳаррири маҷаллаи бачагонаи “Чашма” будам, боре дар мавсими обуна дар шигифт афтода будам, зеро дар як шаҳри бузурги Душанбе, ки шояд садҳо ҳазор кӯдак дорад, танҳо ду-се хонавода ба ин нашрия обуна шуда буданду халос. Ин гувоҳи чист? Гувоҳи он аст, ки аслан волидайни мо парвои маърифатнокшавии фарзандонашонро надоранд.

Биёед,  вазъи имрӯзро бубинем. Имрӯз дар назди маҷаллаи  “Чашма”-и як замон дар тамоми Шӯравӣ машҳур, замимаҳои “Офтобак” ва “Зангӯла” нашр мешаванд. Нашрияи “Офтобак” нашрияест, ки бори аввал ба се забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ нашр шудааст, ки барои ҳам маърифатнокшавӣ ва ҳам забономӯзии бачагон хеле муфид аст. Ва ғайраву ғайраҳо. Аммо, мутаассифона, ин нашрия имрӯз дар ҳадди касодист. Фурӯши чаканаи он дар мактабҳо манъ шудааст. Ба обунааш ягон муассисаи мактабӣ ва шуъбаҳои маориф мусоидати солим намекунанд. Падару модарон чӣ? Дар ҳамин як давлати даъвои соҳибтамаддуният қариб падару модаре ёфт намешавад, ки бо ташаббуси худ фарзандашро ба хотири маърифатнокшавиву соҳиби ҷаҳонбинӣ гардидан ба ин нашрияҳо обуна созад. Пас мо чӣ халқем? Чӣ миллатем ва то куҷо хоҳем рафт?

Дар замони шӯравӣ нашрияи “Чашма” аз ҷиҳати теъдоди нашр дар Тоҷикистон ҷойи аввалро мегирифт. Ҳатто шуморааш  аз рӯзномаи ҳизбии “Тоҷикистони советӣ”, ки нашрияи рақами аввали ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт, афзунтар буд. Ин маҷалла аз ҷиҳати сифати нашр ва мазмун чаҳор маротиба дар озмунҳои Шӯравӣ сазовори ҷойи аввал гардида буд ва вақте ки аз тариқи “Союзпечат” ба ҳама ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ намунаҳояш  фиристода шуд, он қадар дархост омад, ки ҷумҳурӣ барои нашри он коғаз наёфт. Теъдоди имрӯзаи нашри ҳамин маҷалла имрӯз каму беш аз 5 ҳазор аст. Аммо дар давлате, ки шояд беш аз як миллион кӯдак дорад, ин чӣ далели шигифтангез аст!? Айни ҳамин ҳолро дар хусуси нашрияи дигари кӯдаконаи мо “Анбоз” (собиқ “Пионери Тоҷикистон”) ва дигар нашрияҳои бачагона метавон гуфт.

Банда  ягон кӯдакистонеро намедонам, ки  маҷаллаи “Чашма” ва замимаҳои он- “Офтобак”-у “Зангӯла”, рӯзномаи “Анбоз”-ро ки имрӯз сифатан хеле боло рафтааст, харидорӣ кунад ва ё пайваста ба кӯдаконаш расонаду ғами маърифатнокшавии онҳоро хӯрад. Ҳол он ки маҳз маводи ин нашрияҳо аҳамияти бузурге дар худшиносии кӯдакон, фарохшавии ҷаҳонбинии онҳо, гузаронидани машғулияҳои муфиди мусоидаткунанда ба камолоти маънавияшонро доранд. Охир ин нашрияҳо аз ҳисоби буҷаи давлат беҳуда нашр намешаванд, ҳадафҳои тарбиявӣ ва маърифатнокшавии насли наврасро доранд ва маҳз муассисаҳои давлатии таълимиву тарбиявӣ бояд аз онҳо истифода баранд.

Ин суханҳо ба хотири он гуфта мешаванд, ки заминаи китобхонӣ, муҳаббат ба китобро дар ниҳоди кӯдакони мо кӣ мегузорад, агар падару модар ва муассисаҳои тарбиявию таълимӣ  нагузоранд. Тасаввур кунед, ки нархи як маҷалла, ки замина ва бунёди маърифатнокии фардои фарзанди моро мегузорад, баробари нархи як чипсӣ ё криешки, ё тухми офтобпараст аст, ки рӯзе то чанд бор ба кӯдакон мехарем. Оё шигифтангез нест, ки онро барои маводи ба кӯдак даркорӣ дареғ дошта, ба зиёни фарзандамон ба маводи зарарнок сарф мекунем? Яъне, як зарра ғами маърифатнокшавии онҳоро намехӯрем.  Нигаред, мо то куҷо нисбат ба кӯдаконамон бетафриқаву бепарво ҳастем!? Оё айб нест?!

Мо дар замони кӯдакиамон китобхонӣ, маърифатнокшавӣ, огоҳӣ аз илму адабро маҳз аз мутолиаи маҷаллаву рӯзномаҳои бачагона омӯхтаем, ки ҳар шумораашонро бесаброна интизор будем. Гумон мекунед, кӯдакони имрӯза ба ин нашрияҳо шавқ надоранд? Хато мекунед! Шумо як шумораи маҷалла ва рӯзномаи рангини бачагонаро ба дасти кӯдак диҳед ва бубинед, ки кӯдакон онро бо чӣ таваҷҷуҳу хурсандӣ, мисли ид истиқбол мекунанд. Яъне мо, худамон шавқи китобхонии кӯдаконро аз хурдсолӣ кушта – кушта, онҳоро аз хониш дур мекунем. Дар даврони Шӯравӣ обунаи саросари мактаббачаҳо ба нашрияҳои кӯдакона ҳар сол бо камоли ҷиддияту назорат ба роҳ монда шуда буд. Чаро имрӯз ин таҷрибаи нек ва пеш аз ҳама, барои кӯдакон манфиатбахш ва барои ояндаи кишвар даркорӣ бо он ҷиддият барпо намегардад? Мо дар иҷрои бисёр корҳо  дастҷамъона маблағғундорӣ мекунем, аммо кори аз ҳама муфид, даркорӣ ва зарурӣ- обунаи кӯдакон ба нашрияҳоро қариб, ки аз байн бурдаем. Охир  маҳз ҳамин нашрияҳо  кӯдакони моро китобхон кардаву заминаҳои хонишу омӯзишашонро мегузоранд. Такрор мекунам: қимати як маҷалла ва ё рӯзномаи бачагон на бештар аз як даста офтобпарстест, ки рӯзе чанд бор барои харидани он пул меёбем.

Бале, азбаски мо нашрияву рӯзнома ва китобро аз кӯдакон ё кӯдаконро аз онҳо дур нигоҳ доштаем,  имрӯз ҳама кӯдакон машғул ва гирифтори  интернет ва бозиҳои компютерӣ гардидаанд. Интернет худ бар сари худ бадӣ надошт, агар кӯдакони мо аз он маърифат меомӯхтанд, аммо шумо худ мебинед, ки   имрӯз шабакаҳои интернетӣ барои аксари кӯдакон манбаи бозӣ ва ё шуғлҳои зиёновар гардида, онҳоро аз донишу омӯзиш дур месозанд ва баъзан ба бероҳиҳое мебаранд, ки баъдан бозгардониданашон  сахт душвор мешавад.

Ба замми ин танҳо хониши китобу маҷаллаву рӯзнома мусоидат ба андешапаварӣ ва эҷодкории кӯдакон мекунанд. Ва ҳаргиз ҳеҷ чиз ҷойи хониши зиндаро, ки дар он тамоми узвҳои эҳсосии инсон ба таври  табиӣ ворид ба омӯзиш ва қабули маърифат мегарданд, гирифта наметавонанд. Аммо, агар ин заминаҳо дар тифлӣ, дар ширхоргоҳу кӯдакистон ва дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузошта нашаванд, дер хоҳад шуд. Боз ҳам ҳамон суханони устод Айниро метавон далел овард, ки устод ба қавли худашон ҳарчи хондаанд, то ҳаждаҳсолагӣ хондаанд. Яъне он замина, он таҳкурсие, ки тамоми осори пурғановати устод Айнӣ, шахсияти бузургашон аз он замина гирифтааст, дар асоси мутолиа ва дониши андӯхтаи устод то синни ҳаждаҳсолагӣ ба вуҷуд омадааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар мо хоҳем, ки насли солиму босаводу соҳибмаърифат тарбият намоем, кӯдакон, наврасон ва навҷавонони мо бояд ҳарчӣ бештар китоб хонанд.

Аз гуфтаҳои банда набояд чунин хулоса баровард, ки ҳадафи мо танқиди танҳо муассисаҳои маориф ва сохторҳои он аст. Баръакс бояд гуфт, ки ҳамасола амри Вазири маориф ва илм барои обунаи нашрияҳо бароварда мешавад. Гилаи мо ин ҷо, пеш аз ҳама, аз волидайн, падару модарон, сипас аз муаллимону мураббиён ва роҳбарони муассисаҳои таълимист, ки бе ташаббус ва дастгирии бевоситаи онҳо наметавон бо фарогирии  ҳамаҷониба обунаи нашрияҳои бачагонаро дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо ба роҳ монд. Ин нақша танҳо вақте метавонад амалӣ шавад, ки ҳар яки мо бо тақозои виҷдон ва дарки баланди масъулият ва ғамхории самимона ба кӯдакон, яъне ояндаи ҷомеа ва кишварамон аз пайи иҷрои он шавем.

Ба маврид аст дар хусуси боз як падидаи наву хурсандибахш дар ҷумҳуриамон марбут ба китоб ёдовар шавем. Чанде пеш Муассисаи нашриявии “Адиб” бо ташаббуси роҳбари он, шоир Давлат Сафар, бо дастгирии мақомоти давлатӣ бори аввал Аксияи фурӯши китобро ташкил намуд. Марҳилаи  аввали ин аксия, ки дар пойтахти Ватанамон- шаҳри Душанбе тӯли яку ним моҳ ҳар рӯзи шанбе дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ, дар Боғи Рӯдакӣ баргузор мегардид, воқеан ба иди муштариёни бешумори китоб табдил ёфт. Новобаста ба боронҳои шадиди рӯзҳои аввал дар маъракаҳо теъдоди зиёди ҳаводорон ва харидорони китоб на фақат аз тамоми муассисаҳои пойтахт, балки аз ноҳияҳои атроф ва вилояти Хатлон низ иштирок доштанд. Ин маърака ба хубӣ нишон дод, ки ҳанӯз мардуми мо, халқи бафарҳангу китобдӯстамон дил аз китоб накандаанд. Китобро чун беҳтарин дастоварди миллӣ пос медоранду харидорӣ мекунанд. Ин Аксия дар шаҳрҳои Ваҳдату Бохтар низ идома ёфта, дар ин муддат аз 25 то 30 ҳазор нусха китоб ба муштариён фурӯхта шуд.

Ҳафтаи гузашта  аксияи мазкур дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт, ки дар он 16 ҳазор нусха ва 220 номгӯй  китоб ба маърази фурӯш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки ин аксияҳо дар ҳама маврид ба иди воқеии китоб табдил меёфтанд ва моро дилпур аз он мекарданд, ки китоб ва манзалати он ҳанӯз дар байни миллати  мо пойдор аст. Ва дилпурона тарҳрезӣ кардани Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз ҷониби Пешвои миллатамон бе замина нест. Яъне мо ба асолати таърихии халқи худ ва пойдории он бовар дорем. Албатта, сухан аз бозгашт ба гузашта намеравад, балки аз эҳёи суннатҳои дерини миллӣ бо ҳадафҳои нав,  симои тоза ва таҷрибаҳои навин меравад.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии
ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ

 (Давом дорад)

Июль 19, 2019 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад
Бахшида ба 125-солагии Фазлиддин Шаҳобов маҳфил баргузор гардид
Дар Москва ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ гузаронида шуд