Диловар Қодирзода: «Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамкориро бо дигар марказҳои таҳлилии ҷаҳон тақвият бахшидааст»

Июль 26, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 26.07.2019/АМИТ «Ховар»/.  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон  бо марказҳои таҳлилии Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон   ва марказҳои  стратегии Ӯзбекистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст. Ин нуктаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Диловар  Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои  хабарӣ иброз намуд.

Таъмини амнияти  иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули  низоми миллии баҳогузории индикативии  амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳое мебошанд, ки  соли равон аз ҷониби кормандони Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва тадқиқ гардидаанд.

Ба таъкиди Диловар  Қодирзода, дар доираи  баргузории  корҳои  илмию тадқиқотӣ  кормандони Марказ беш аз 40 пешниҳод, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию-таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар  вазорату идораҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои марбута омодаю ирсол намуданд.

Ҳамзамон дар ин давра роҳбарият ва  мутахассисони Марказ  дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ  ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ  доир ба масъалаҳои  мушаххас иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки  Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайси яке аз муассисаҳои   таҳлилӣ ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии  стратегияҳои давлатӣ, такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  фаъолият менамояд.

 

Июль 26, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид