Диловар Қодирзода: «Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамкориро бо дигар марказҳои таҳлилии ҷаҳон тақвият бахшидааст»
ДУШАНБЕ, 26.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо марказҳои таҳлилии Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст. Ин нуктаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иброз намуд.
Таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳое мебошанд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва тадқиқ гардидаанд.
Ба таъкиди Диловар Қодирзода, дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ беш аз 40 пешниҳод, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию-таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои марбута омодаю ирсол намуданд.
Ҳамзамон дар ин давра роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз муассисаҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ, такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






