ДИН ВА ХУРОФОТ. Шакарро набояд бо заҳр омехт, зеро омезиш додани онҳо пайомади маргбор дорад

Июль 13, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 13.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва як зумра воситаҳои ахбори омма андешаҳои аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо  дур бобати озодиҳои динӣ пахш ва нашр  шуда, раддабандии баъзе ташкилотҳо  дар робита ба ин масъала дар сархати расонаҳо қарор   гирифтааст. Коршиноси мо, муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер МЕРГАНОВ дар ин бора мулоҳиза меронад.

Табиист, ки дар сархати расонаҳо қарор гирифтани чунин  «раддабандӣ» бо «мусоидат»-и  баъзе расонаҳои дохилӣ, ки ливо сохтан аз чунин «хулосабарорӣ»-ро дӯст медоранд, имконпазир гардид.    Воситаҳои ахбори оммаи мамлакат низ, ки аксари маврид аз рўйдоду воқеоти аз лиҳози моҳият ба як фулус намеарзида ҳангома месозанд, дар ин маврид «ба даҳонашон об гирифтаанд». Бигузор  ашхоси алоҳида ва масъулини ташкилоту созмонҳои мавриди назар  андешаҳои танқидомезро бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи онҳост ва касе ба ин нафарони «озодандеш» монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз «раддабандӣ» ва зери суол бурдани озодии дину эътиқод ҳаргиз қобили қабул нест.

Дар зеҳн андешае ташаккул меёбад, ки ашхоси озодии эътиқод  дар  мамлакатамонро зери суол мебурда аз моҳияти дин ва нақши он огоҳ нестанду аксар маврид миёни дин ва хурофот тафриқа намегузоранд. Барои тақвияти андеша ва мукаммал шудани матлаб аксар адабиёти ба дин рабтдоштаро мутолиа кардаам. «Амрикои нав кашф намекунам» агар гўям, ки «дин» дар онҳо ба маънои неруи эзидӣ, виҷдони марди некукор ё бозшиносии некӣ омадааст. Хеле ҷолиб аст, ки форсҳо ин вожаро ҳамчун синоними виҷдон истифода мебурдаанд. Далелҳо аз он ҳокианд, ки арабҳо ин вожаро аз забони форсӣ — тоҷикӣ рабуданд ва дар ин замина калимаҳои адён, диёнат,  тадаюн, мутамаддинро «ихтироъ» кардаанд. Дар бораи таърихи динҳо маълумот хеле зиёд аст. Барои мисол, митроизм ва зардуштӣ динҳои куҳантарин буда, таърихи  8 – 10- ҳазорсола доранд.  Муҳимтар аз ҳама, ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, талқин мегардад, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчўбаи ахлоқӣ ва ё ба гуфтаи аврупоиён, кодекси ахлоқӣ нигоҳ доранд ва аз гунаҳкорӣ бим дошта бошанд. Динҳо ин арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз пайомадҳои гуноҳ талқин мекунанд.

Баръакси дин хурофот — сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос тафсир шудааст. Моҳиятан дин ва хурофот шакар ва заҳр буда, омезиш додани  онҳо  пайомади  маргбор  дорад. Маҳз хурофот сабаб шуда, ки ҷангу нифоқ ва куштору террор дар кишварҳои мусулмонӣ дар сархати  расонаҳои   хабарӣ   қарор гирифтарӯзе  нест, ки   ба   ин  иттилои нав  илова  нашавад. Муътақидам, ки  чунин   ҳолат  на  танҳо банда, балки тамоми мусулмонони аз набзи ҷомеа огоҳро ба ташвиш  оварда, нигарон намудааст. Шоҳиди он  ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз  мамлакатҳои мусулмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва  намоиши  қудрату тавоноӣ табдил  ёфтаанд.  

Коршиносон дар  заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозии ҳомиёни мусалмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд.  Агар мавзӯъро амиқтар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем,  собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои сокинонаш пайрави дини ислом мебошанд. Ҳаводиси солҳои охири Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ далели возеҳи оқибатҳои манфии афзоиши сатҳи ифротгаройии динӣ ва  хурофотпарастӣ мебошад.

Дар мамлакати мо  ба чунин  гурӯҳҳо ҷалб гардидани  ҷавонон чанд сабаб дорад, ки асосиаш хурофотпарастӣ аст.  Ба ғайр аз ин,  то як андоза канораҷӯйӣ намудани ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти дунявӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли илму зиё ва фарҳанг ва истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон то андозае ба густариши ин раванд боис шуда метавонад. Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд мегӯянду менависанд, вале раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд.

Аксар маврид маҳз зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили  асосии  «ҳадафрас» шудани  тасмимоти  беруна аст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз   кишвар   тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд,  ба қавли Аллома Иқбол, бобати он ки «мусалмон фоқамасту ҷандапӯш аст», муътақиданд ва аз ин усул ба таври густурда истифода намуда  истодаанд. Сониян, имрӯз миёни ҳомиёни аҳли  тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати  носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифта аст, ҷараён дорад.  Чунин ҳолат «табъи дил»-и манфиатбардорон буда, дар   қиболи   халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ   васеъ   истифодашуда    истодааст.

Масъулони ташкилоту созмонҳои аз вазъи озодиҳои дар Тоҷикистон нигарон, ки кишвари моро «кишвари ноозод» ва озодиҳои динӣ дар онро «маҳдуд» арзёбӣ кардаанд, чаро намегўянд, ки бо кадом сабаб  ҷомеаи Ғарб  ҳанӯз сесад  сол  пеш  зарурати  бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба   он  устувор аст? Чаро шарҳ намедиҳанд, ки дар  ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба  арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон  ташкил  медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи бунёди давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд? Бо кадом сабаб пажўҳиши  давоми 3 соли охир анҷомдодаи нашрияи британии «The Telegraph»-ро ба эътибор намегиранд, ки тибқи он, сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ  баландтарин – 85 фоиз арзёбӣ шудааст. Магар бо мавҷудияти «маҳдудиятҳои динӣ»  чунин нишондиҳанда ҳосил мешаванд?

Посухи  «қолабӣ»-и онҳо, аз қабили «озодии дин яке аз рукнҳои умда ва принсипи асосии демократияи мо   маҳсуб  меёбад.  Мо ба ин ақидаем, ки ҳифзи озодии дин аз ҷониби Ҳукумат ба бунёди давлати боз ҳам устувортару босубот мусоидат мекунад», аллакай бароям маълум аст.

Дар мамлакати мо  давлат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва   қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки  “бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон қабул шудааст, далели бебаҳси ин гуфта мебошад. Аз далелу арқоми таърихӣ  бармеояд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва роҳбарияти давлат низ ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи  фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Банда низ бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат  бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола  дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусулмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба  яке аз рукнҳои  муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи  мо   табдил   ёфтаву ин раванд муттасил аст.

Мушкилӣ дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Масъалаи мазкур дар моддаи 5 қонуни  зикршуда возеҳ шарҳу тафсир ва танзим шуда, тибқи муқаррароти он, “давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ  эътироф шавад”.

Муҳим он аст, ки давлат ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва  мансубияти динӣ   дахолат   намекунад, ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва  деҳотро  намегузорад, ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои   ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда дахолат намекунад, хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ  таъмин   менамояд, барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору  бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар  фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад. Кадоме аз ин аҳдоф ба талаботи ҷомеаи демократӣ   муғойират дорад? Суолест, ки бояд посухашро “мунаққидон”-и вазъи озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон гӯянд…

Илова бар ин, «аллома»-ҳо аз ташкилоту созмонҳои мавриди назар иддао кардаанд, ки «баъзе аз ин тамоюлот аз кӯшишҳои Ҳукумат ҷиҳати пешгирии фаъолияти қонунии гурўҳҳои динии осоишта дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд, ки ба ин тартиб ба шаҳрвандони осоишта пӯшидани либосе, ки инъикосгари эътиқоди мазҳабии шахсии онҳо мебошад, иҷозат дода  намешавад». Ин «бузургон» намедонанд ва ё нодида вонамуд мекунанд, ки аксари ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд кўшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон ҳамрадиф бо аз таҳсил дар канор мондан зери ба истилоҳ ҳиҷоб бошанд. Чаро чунин аст? Ин ҷо нақши муҳимро таҳмили андеша аз ҷониби  ба ном «мулло» — ҳое, ки  барояшон  чунин ашхос шабеҳи манқуртанд, мебозад. Зиёд шунидаем, ки чунин «мулло»-ҳо ва думравонашон таври густурда таблиғи зери ҳиҷобу сатр, хоса сатру ҳиҷоби сиёҳ қарор додани занонро менамоянду теъдоди онҳое, ки ин «тавсия»-ҳоро филфавр амалӣ менамоянд, кам нестанд. Яъне, барои як идда «таҳамтанон»-и мо ибораи «мулло фалонӣ  гуфтанд», ҳукмеро шабеҳ аст, ки амалӣ намуданаш заруру ногузир маҳсуб меёбад. Чаро чунин нафарон боре намеандешанд, ки магар дар исломи ноб танҳо зери ҳиҷоб қарор додани занон матраҳ шудааст? Магар дар таълимоти ин дини пок занон ғайр аз мавриди маҳдудиятҳои гуногун қарор гирифтан дигар ҳуқуқ надоранд? Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ чунин набуду нест. Банда ҳарчанд коршинос ва мутахассиси соҳа нестам, вале хуб медонам, ки мартабаи зан-модар дар дини мубини ислом хеле баланд аст. Чаро баъзе «нимчамулло» — ҳои мо аз шарҳу таблиғи ин нуктаҳо худдорӣ мекунанд?

Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки пўшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд. Ин омил низ ба заифиродагии як идда мардон рабт дорад. Зеро марди оқил, қавиирода ва огоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ  ба зан ҷабр намекунад. Чун баъзе мардони мо дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кўшиш менамоянд то аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд. Чунин ашхос зимни таҳмили андешаҳояшон ба пайвандони худ фарҳанги ниёгонро мисол меоранд, ки билкул нодуруст аст. Беҳтарин посухро ба чунин кўрдилон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ду сол пеш зимни суханронии худ бахшида ба Рўзи Модар доданд. Роҳбари хирадсолори мамлакат  дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъалаи мавриди назар  минҷумла таъкид намуданд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб  медонед, ки ҳатто либоси мотами мардуми мо  сиёҳ нест». Мутаассифона, бонувони ба ин раванд майлнамуда кўшиш менамоянд, ки дар такя ба ном таълимоти исломӣ, ки барояшон аз ҷониби «нимчамулло» -ҳо  омода ва ироа шудааст, бонувони дигарро ба чунин тарзи либоспўшӣ ҷалб намоянд.

Таъкид менамоям, ки дингароии дар ҷомеа роиҷбуда падидаи сунъӣ буда, дар навбати аввал ба хурофот рабт дорад. Мо бояд фаромўш накунем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа равияи нав–ба таври густурда тарғиб намудани арзишҳои динӣ маъмул гардида буд. Кор то ба ҷое расид, ки як олиме, ки дониши мукаммали гуногунҷанба дорад, дар радифи ба ном муллои чаласавод қадру манзалат надошт. Фурӯши густурдаи фитаҳои амри маъруф, гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тарзи мазҳабӣ, нишон додани афзалияти гирифтани таълими динӣ дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо ба «осиёб»- и  чунин   муллоҳо « об мерехт».

Пажўҳиши  масълаи мавриди назар собит намуд, ки аксар маврид дар кишварҳои рў ба инкишоф  ин масъала аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор бо мусоидати баъзе ташкилоту давлатҳо ба сиёсат  омезиш дода мешавад.   Табиист, ки дар ин ҳолат  ҳар  доираи манфиатдор мехоҳад ба  хостаҳояш дастёб шуда, кӯшиш  менамоянд дар ин гуна кишварҳо ба вуҷудории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии дингароёнро пайваста идома диҳанд. Инчунин то ҳадди имкон аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккуроти динию мазҳабӣ боқӣ монанд. Зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд,  тафаккури миллӣ боло мегирад, ки дар пайи он манофеи миллӣ  ба   вуҷуд  меоянд, ки ба  манфиати доираҳои  зикршуда   нест.

Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” муқаррар кардааст, ки “дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба  таври  озод  интихоб,  паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди  динӣ ва  эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи   онҳо   амал   кардан   кафолат дода     мешавад”.

Хуб дар хотир дорем, ки пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо хеле паҳновар гардид. Зеро аксари мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо орзўи дарёфти озодӣ ба дину диндорон рў  оварданд. Дар ин   замина, дар ибтидои   солҳои 90-уми қарни XX ҳарчанд дар Тоҷикистон   аҳзоби  гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ баҳам мухолиф ба вуҷуд омада, дар ин раванд ҳизби гўё ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд.  Сипас, бинобар пайдо шудани  «зарурат»   ҷараёнҳоеро, аз  қабили “Ваҳобия”, “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва  ғайраро рӯи кор оварданд, ки хушбахтона, ҳадафҳои онҳо ошкор ва фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ арзишҳои  динии худро эҳё намоем. Натиҷа ин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон шаҳодати гуфтаи болост. Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели  гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабӣ мебошад.

Моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияиҳои динӣ” муқаррар кардааст, ки “масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъйиноти умумидиёнатӣ мебошад”. Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва  коршиносон муайян намуданд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ дар  мақоми аввал қарор дорад.

Банда мусалмонам ва ба он назарам, ки афзоиши теъдоди масоҷид далели возеҳи таъмини озодии эътиқод ва шароити мусоид барои рушди фарҳанг ва ахлоқи динӣ мебошад. Ба шарте ки бунёди онҳо  василаи худнамоӣ набошад ва аз ҷониби нафароне, ки воқеан ҳам, чунин имкониятро доранд, амалӣ гардад. Соҳибкореро медонам, ки тиҷораташ дар ҳоли рукуд ва фарзандаш бемор аст. Сарфи назар аз мушкилоти зикршуда, саҳмгузорӣ дар бунёди масҷидро ҳадафи хеш қарор додаву дар ин ҷода «собитқадам» аст. Нафари дигар бо таъмиру таҷдиди бинои фарсудаи масҷид намехоҳад шахсони барояш номақбул он ҷо намоз гузоранд. Вобаста ба амалкарди чунин ашхос ба ҷуз он ки онҳо ҳатто хонаи Худоро низ «соҳибӣ» карданианд, хулосаи дигар ба зеҳн намеояд.  Иддаи дигар аз маблағҳои хайриявии бо ин мақсад ҷудошуда низ «ҳақбар» шуда, иддае барои бунёду таъмири масоҷид ба ҳайси «миёнарав» (табиист, ки ин ҳавасмандӣ бесабаб нест) «гадоӣ» мекунанд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки барои ҳар як кӯчаву паскӯча ва маҳалла аз рӯи риёву худнамойӣ бунёд намудани масоҷид ва ҷойҳои ибодатӣ метавонад эҳтимоли тафриқаандозиро байни мусулмонон зиёд намояд.

Вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии мост, ки ин дини покро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгаройӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Эътироф бояд кард, ки  масъулони сохтору мақомоти давлатӣ, ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, ба ин масъала на ҳамеша бо ҷиддият машғул мешаванд ва баъзе мавридҳо дар рафъи ин камбудиҳо камфаъолиятӣ ё ҳатто бепарвоиву бетарафӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини  нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Дар ояти 6 сураи «Ҳуҷурот» омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед».

Иқтибос аз Қуръони маҷидро анҷомбахши матлаб интихоб намуданам бесабаб нест, зеро он ҳамчун хулосаи асоснок, даъват, ҳушдор, роҳнамо маҳсуб шуда, бояд сармашқи кори ҳама бошад.

 Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи «Садои мардум»

Июль 13, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
30-солагии қабули Конститутсияро дар Суғд бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил намуданд
Конститутсия барои занону духтарон ҳуқуқ ба таҳсил ва корро фароҳам овардааст
Дар Хоруғ 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба таври тантанавӣ таҷлил гардид