ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона анҷом медиҳад

Июль 5, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҷиҳати доир кардани ду бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон ба тавофуқ расиданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар доданд, бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 26 ва 29 июл дар шаҳри Таиф баргузор мешаванд. Ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозингароне ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия иштирок мекунанд.

Ҳамчунин ин бозиҳо барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон  як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои  мунтахаби ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд. Ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.

Июль 5, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад