ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи CAFA 2019-ро бо мусовӣ оғоз кард

Июль 27, 2019 10:54

ДУШАНБЕ, 27.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Шоми  дирӯз дастаи  мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16 солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»   Меҳрони Қурбон  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовӣ 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввал ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷтикистон бошад, дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Хотиррасон  менамоем,  ки  бозиҳои  дигари  ҳамин гурӯҳ низ бо  чунин натиҷа хотима ёфтанд.  Тими мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Турканистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон бошад, дидорашонро  бо тими мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовӣ 2:2 анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ояндаи худро дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон  имрӯз  27  июли соли  равон  бо дастаи мунтахаби  Қирғизистон доир мекунад, дастаи  мунтахаби  наврасони Ӯзбекистон бошад, бо  тими мунтахаби  Эрон дидор анҷом медиҳад.

Июль 27, 2019 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад